Пагоҳ ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад

28 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум  баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 28 декабри соли 2023, соати 08:00 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 ва 27 декабри соли 2023 аз соати 8:00 то 17:00 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи дуюм, утоқи 3 ба қайд гирифта мешаванд.

Телефон барои маълумот 221- 49 -22

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE