Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
27 декабри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак ибни Абдурраҳмон Муборак Ан-Насрро ба ҳузур пазируфт. Дарр ин бора дар Вазорати Корҳои Хориҷӣ хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.