Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафирони Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Ӯзбекистон мулоқот кард
29 декабри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Алимирзамин Аскеров, Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, Ҷумҳурии Қазоқистон Валихан Туреханов, Федератсияи Русия Семён Григорев ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Шоисматовро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот вазири корҳои хориҷӣ бо таъкид ба рушди рӯзафзуни муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои мазкур, онҳоро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои асосии соли сипаришуда, инчунин нақшаву ҳадафҳо барои дурнамо табодули афкори судманд анҷом доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ С.Муҳриддин сафирон ва кормандони намояндагиҳои дипломатии Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро бо фарорасии соли нав табрик намуда, ба онҳо муваффақиятҳои касбиро таманно кард.