Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон масъалаи навсозии истгоҳҳои базавӣ баррасӣ гардид

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи навбатии масъулини соҳаи алоқа ва  намояндагони операторони мобилӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи навсозии истгоҳҳои базавӣ ва пешниҳоди хизматрасонии алоқаи мобилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Хадамоти алоқа хабар доданд.

Дар ҷаласа Сардори Хадамоти алоқа иброз намуд, ки ширкатҳои мобилӣ бояд имсол ба боло бурдани сатҳи фарогирии мавҷи алоқаи мобилӣ дар мамлакат ва хизматрасонии хадамоти мобилӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Ба таъкиди Сардори Хадамоти алоқа, талаботи аҳолӣ ва тамоми соҳаҳо ба алоқаи мобилӣ, махсусан интернет рӯз аз рӯз бештар шуда, ҳамзамон технологияҳои нав ба таври зудҳангом вориди бозори телекоммуникатсионӣ мешаванд. Аз ин рӯ, зарурат пеш омадааст, ки навсозии истгоҳҳои базавӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ бо ҳолати баланду дастрас ба таври ҳамешагӣ идома ёбад.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаи ворид намудани истгоҳҳои базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTE/ 5G аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» баррасӣ шуд.

Иброз гардид, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридоти  истгоҳҳои базавӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо тамоми мақомоти марбутаи мамлакат ҳамкорӣ ва гуфтушунид менамояд.

Ҳамчунин дар ҷаласа таъсиси корхона-лабораторияи ватании истеҳсоли таҳҷизоти соҳаи алоқа, махсусан истгоҳҳои базавии алоқа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз таъсиси чунин корхона, пеш аз ҳама, кам намудани вобастагии бозори телекоммуникатсионии мамлакат аз технологияҳои хориҷӣ мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE