Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаҳои муҳими ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ ва байнипарлумонӣ баррасӣ намуданд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо  Ниятбекзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Ахмет Гурбанов мулоқот намуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамсуҳбатон ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE