Соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 50 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 50 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд, ки ин раванд дар самти саноатикунонии босуръати вилоят бесобиқа мебошад. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2022 то соли 2025 беш аз 140 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шуд.

Солҳои охир соҳаи саноат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш чанд маротиба зиёд гардид. Аз ҷумла, барои расидан ба ҳадафи олӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар ин замина таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон, инчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022 – 2026» ба тавсиб расид.

Дар ин замина дар вилоят то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмон ва навсозии даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 400 корхонаи саноатӣ бунёд карда шуд.

АКС: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE