Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 тамринҳои навбатии худро анҷом дод

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо тими Чин тамринҳои навбатии худро анҷом дод. Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар дод.

Машғулияти имрӯзаи даста бо роҳбарии Петр Сегрт якуним соат давом кард, ки дар ин муддат бозигарон хеле хуб кор карданд.

Қобили зикр аст, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Чину Тоҷикистон 13 январ дар варзишгоҳи Абулло бин Халифаи Доҳа баргузор мешавад. Ин рақобат соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 – ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE