Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ” бахшида ба 1045-солагии мутафаккир Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид. Дар кори симпозиум пажӯҳишгарону донишмандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Россия, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Арабистони Саудӣ, Покистон, Қувайт ва дигар кишварҳои дуру наздик ширкат варзида ба таври ҳузурию маҷозӣ бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд. Мақсад аз баргузории симпозиум арҷгузорӣ ба нақши ҷаҳонии Ибни Сино ва таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE