Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ як қатор муассисаҳои олии Тоҷикистонро аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаронад

Дар Британияи Кабир роҳбарони як қатор  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Агентии таъмини сифати таҳсилоти олии  Британияи Кабир вохӯрӣ  намуданд. Дар ин хусус аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

Дар  мулоқот ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат роҷеъ ба ҳамкорӣ бо агентиҳои аккредитатсионӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот ва аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва институтсионали гузаштан ибрози назар намуданд.

Роҳбари Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (QAA)  Ник Бэйли ва директори иҷроияи рушди бизнеси Агентӣ оид ба тартиб ва шартҳои баргузории аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва институтсионалӣ иттилоъ дод.

Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (QAA) аз бонуфузтарин агентҳои таъмини сифати таҳсилоти олӣ ва аккредитатсионии Британияи Кабир маҳсуб ёфта, дар сатҳи  байналмилалӣ нуфузи баланд дорад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалии муштарак гузаронидани Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба мувофиқа расиданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE