Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Шуруъ аз 26 апрел ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз буриши кӯчаҳои Ш. Шоҳтемур – М. Турсунзода то буриши кӯчаҳои Ш. Шоҳтемур — А. Лоҳутӣ ва кӯчаҳои А. Лоҳутӣ – Пулодӣ муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бинобар сабаби гузаронидани ноқилҳои зеризаминии баландшиддати барқӣ то анҷоми корҳои таъмирӣ манъ мегардад.
Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои гузошташударо риоя намуда, аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.