Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид. Дар ин бора ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода иттилоъ дод.
Форум бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парлумон, мақомоти судӣ, прокуратура, корпусҳои дипломатӣ ва ташкилоти хориҷӣ ширкат намуданд.
Дар ҳамоиш зикр рафт, ки мақсад аз он муайян намудани мушкилот ва душвориҳое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯйи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххас бо мақсади таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун доир карда шуд.
Аз ҷониби нотиқон зикр рафт, ки Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон минбари мувофиқ ва самаранок барои вусъат додани ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида, ба рушд ва таҳким бахшидани қонунгузории мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дарёфти роҳу усулҳои муосири инкишофи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ташкили муколамаҳои муштарак мусоидат хоҳад намуд.
Т. Сатторов

