Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ вохурӣ намуд
13 феврали соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар кишвар, аз ҷумла раванди татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, CASA-1000, ҳамкориҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, шаҳрсозӣ, сиёсати иқтисодӣ ва муҳити зист баррасӣ намуданд.