Россия: баргузории фестивали «Забони модарӣ — ҳастии мардум» аз ҷониби Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур»

Дар Театри мусиқӣ мазҳакавии кишвари Хабаровски Федератсияи Россия бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ фестивал таҳти унвони «Забони модарӣ ҳастии мардум» баргузор гардид.

Дар ин чорабинии пуршукӯҳ, ки бо ибтикори Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур» таҳти сарварии бонуи фаъоли тоҷик Моҳтоб Ғафурова ва дастгирии Ҳукумати кишвари Хабаровск сурат гирифт, оид ба таъриху ташаккулёбии забони тоҷикӣ ба иштирокдорони фестивал маълумоти васеъ дода шуд.

Моҳтоб Ғафурова изҳор доштааст, ки аз ҷониби ҷамъият дар байни ҳамватаноне, ки дар кишвари Хабаровск кору фаъолият доранд, бо мақсади арҷ гузоштан ба забони модарӣ ва ба дигарон муаррифӣ намудани шириниву шевогии он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.

Дар анҷом ташаббускорони баргузории ин фестивал изҳор доштанд, ки иштироки фаъол дар чунин чорабиниҳо агар аз як тараф аз ҳуввияти баланди ҳамватанони дар Шарқи Дур будаамон дарак диҳад, аз ҷониби дигар барои муаррифии номи неки миллати тоҷик ва забони ноби он, ки яке аз қадимтарин забонҳои рӯи олам аст, таъсири мусбат хоҳад расонид.

Бахтиёр ЗОИРИЁН,

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE