Китоби Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исматулло Холиқов таҳти унвони “Чашмаи меҳр” рӯнамоӣ шуд

28-уми феврали соли равон дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт рӯнамоии китоби Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исматулло Холиқов таҳти унвони “Чашмаи меҳр” бо барномаи рангини консертӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Дар маросими рунамоӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовинони вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода ва Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, муовини раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ, Асрор Латифзода, намояндагони аҳли фарҳанг ва санъати Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар ифтитоҳи ҷорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода сухан гуфта, оид ба фаъолияти пурсамари Исматулло Холиқов ва саҳми беандозаи ин устоди ҳунар дар рушди санъати мусиқии эстрадаи тоҷик ибрози ақида кард.

Баъдан, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов дар бораи аҳамияти китоби мазкур барои муҳассилини мактабҳо, коллеҷҳои санъат ва Консерваторияи миллӣ сухан ронда, яке аз дастоварди бузург барои мактаби санъати эстрадаи тоҷик арзёбӣ намуд.

Барномаи консертӣ аз эҷодиёти Исматулло Холиқов пешниҳоди аҳли нишаст гардид, ки дар ташкил ва баргузории он оркестри эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, донишҷӯён ва омӯзгорони муассиса саҳми арзанда гузоштанд. Барномаи консертӣ хеле ҷолибу рангин буда, ҳамаи суруду оҳангҳо ба таври зинда иҷро гардиданд ва аз ҷониби меҳмонон хеле хуб пазируфта шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE