Оид ба шомил шудани Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба Феҳристи ЮНЕСКО ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид

12 март дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ оид ба шомил шудани Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар кори конфронс олимону мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ иштирок намуда, роҷеъ ба популиятсияи ҳайвоноту наботот, экосистемаҳои табиии туғайзорҳо ва ҳифзу нигоҳдошти онҳо аз антропоген (таъсири инсон) дар ҳудуди мамнуъгоҳ маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

Мавриди зик аст, ки дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо мақсади таблиғу ташвиқ ва муаррифии бештари ин мавзеи нодири кишвар диорамаи «Бешаи палангон» таъсис дода шудааст, ки дар он намунаҳои гуногуни олами ҳайвоноу набототи нодири Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки ҳамарӯза аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонони ватаниву хориҷӣ оид ба мавзеи мазкур сайрҳои мавзуӣ баргузор карда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» 20 сентябри соли 2023 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Хушбахтона, имрӯз “Сертификат”-и асле, ки ворид шудани Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон»-ро ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, дар Осорхонаи миллӣ ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад.

Пас аз анҷоми конфронс ба иштирокчиён аз ҷониби роҳбалади Осорхонаи миллӣ бо забони англисӣ сайри мавзуӣ оид ба Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» гузаронида шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE