Бонки Осиёии Рушд барои таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Тоҷикистон 40 млн. доллар маблағгузорӣ менамояд

21 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣвохӯрии муовини вазири мориф ва илм Дилшод Сафарзода бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд Шин Лон баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣвохӯрии муовини вазири мориф ва илм Дилшод Сафарзода бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд Шин Лон баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки Бонки Осиёии Рушд лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика”-ро дар ҳаҷми 40 млн. доллар маблағгузорӣ менамояд.

Ёдовар бояд шуд, ки Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2023, №664 тасдиқ гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE