Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт

Бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Ироқ, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир гашт. Дар ин бора аз намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Ҳамоиш бо паёмҳои табрикии Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Денис Френсис ва намояндаи ЮНЕСКО Лили Грей оғоз гардид.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат зимни суханронӣ ҳозиринро ба фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, аз анъанаҳои таърихӣ ва расму оини ин ҷашни ниёгон, рисолати сулҳофарию созандагии он ва ҳамгироии одаму табиатро ёдоварӣ шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE