БОЗДИД АЗ ВАЗЪИ ФЕЪЛИИ ҲАЙАТИ ШАХСӢ ВА ФАРМОНДЕҲИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ

Барои огаҳ шудан ва боздид аз вазъи феълии ҳайати шахсӣ ва фармондеҳии қисму воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Имрӯз ин гурӯҳ бо роҳбарии Ато Ҳамдам адиби тоҷик, аз қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. 

Нахуст дар саҳни бино ҳайати гурӯҳро, ки намояндагони Академияи милии Илмҳои ҶТ, МИҲД-и ноҳияи Сино ва доираи васеи хабарнигоронро фаро мегирифт, роҳбарияту афсарони қисми ҳарбӣ дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанд. Таъкид гардид, ки дар қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми гушаву канори мамлакат афсарон хидмати Модар-Ватанро бо сари баланд иҷро менамоянд.

Бо роҳбаладии афсарон ҳайати гурӯҳ аз утоқҳои сартарошӣ, дарзмолӣ ва хонаи хоби афсарон дидан намуданд. Маълум гардид, ки шароит барои родмардон ҳоли ҳозир дар сатҳи баланд таъмин гардида, назораи он низ ҷиддан риоя карда мешавад.

Сипас таваҷҷӯҳи меҳмононро ба анборҳои захираи хурока, маҳсулоти кимшоварзӣ ва нонпазхона равона сохтанд. Дар анборҳои мазкур номгӯи зиёди анвои хурока ва кишоварзӣ аз қабилӣ орд, равған, навъҳои зиёди маҳсулоти донагӣ, гӯшт, картошка, каду, шалғам, пиёз, сабзӣ ва ғайра ба таври фаровон захира шудаанд. Иттилоъ дода шуд, ки бештари маҳсулоти мазкур дар хоҷагиҳои ёрирасони  қисми ҳарбӣ парвариш ёфта, захира шудаанд.

Ошхонаи қисми ҳарбӣ низ ба талаботи меъёрҳои санитарию эпидемологӣ ҷавобгӯ буда, дар он барои афсарони қисми ҳарбӣ хурокҳои серғизо омода мегарданд. Иттилоъ дода шуд, ки барои ҳар як нафар аз 350 то 450 грамм анвои гуногуни хурока пешниҳод мегардад.

Баъди боздиди гурӯҳ аз қисми низомӣ, дар толори қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот ҳимоятгарони ватан сурат гирифт. Намояндагони гурӯҳ аз нақши ҳар як сарбоз дар таъмини амнияти мамлакат, оромиву суботи ҷомеа ёдовар гардиданд. Эшон зикр доштанд, ки маҳз дар ҷомеаи кунунӣ сарбозон “сипари боэътимод” ва ҳимоятгари шаҳрвандони кишвар аз чанги адӯ мебошад.

Дар охири суҳбат  ҳамчун рамзи эҳтиром аз ҷониби ҳайати гурӯҳ чандин китобҳои тозанашр ба сарбозон ва Китобхонаи қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Бахтовар Аминзода

 “Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE