Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба наврасони ятим туҳфаҳо тақдим намуданд
10 сентябр дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи наву замонавии “Хосият”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Соҳиба Исроилова бунёд гардидааст, чун оини неки инсондӯстӣ ба 80 нафар наврасони ятими шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен ва Зафарободи вилояти Суғд маҷмуи сару либоси ягонаи мактабӣ, лавозимоти хониш, пойафзол ва маблағҳои пулӣ тақдим намуданд.
Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба ӯҳда дорад ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон шароити заруриро муҳайё месозад. “Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ шуморо зарур аст, ки илм омӯзед, донишҳои замони муосирро аз худ намоед ва дар оянда фарзандвор ва содиқона ба Ватан ва мардуми кишвари худ хизмати шоиста намоед”, -таъкид доштанд Пешвои миллат.
Наврасону ҷавонони ятим бо шукргузорӣ аз Ватани ободу пешрафта изҳор доштанд, ки аз ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар ҳамеша бархӯрдоранд ва чунин дастгириҳо онҳоро водор месозад, ки дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбият ёфта, бо касби илму донишҳои муосир мутахассисони варзида шаванд ва ба нафъи давлату мардум хизмат намоянд.
Мавриди зикр аст, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин нафарон мулоқоту суҳбат намуда, шахсан аз аҳволашон бохабар мешаванд. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Сарвари давлат боиси он гардидааст, ки кӯдакону наврасони бо амри тақдир ятиммонда ҳамеша зери ғамхорӣ қарор доранд.