Сафири Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт мулоқот кард
26 марти соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Мусоид Муҳаммад аз-Зомил баргузор шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.
Ҷонибҳо ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои фарҳангу адаб, баргузории чорабиниҳои муштарак ва табодули сафарҳои ҳайатҳои ҳунариро мавриди баррасӣ қарор доданд.