Ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо дар Душанбе баргузор гардид

Таҳти раёсати муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Аҳлиддин Нуриддинзода дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид. дар ин маврид Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар ҷаласа иҷрои супоришҳои протоколии қаблӣ ва ҳисобот вобаста ба татбиқи супоришҳои Протоколи ҷаласаи ҳабдаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо аз ҷониби Хадамоти гумрук ва Агентии «Тоҷикстандарт» вобаста ба истифодаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, пешниҳодҳо ҷиҳати кам кардани номгӯи мол, кор ва хизматрасониҳо, ки бояд ҳатман сертификатсия шаванд, номгӯи молии фаъолияти иқтисоди хориҷии Тоҷикистон ва мушкилоти соҳаи нассоҷӣ баррасӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ дар самтҳои дар боло гуфташуда, ки бевосита ба содагардонии расмиёти савдо равона гардидаанд, корҳои назаррас иҷро шудаанд. Вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи ҷаласаҳои Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Инчунин дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ доир гардид. Гуфта шуд, ки масъалаҳои баррасишаванда ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии мамлакат мусоидат менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE