Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд

22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

«Мо Британияи Кабирро ба ҳайси шарики муҳим дар Аврупои Ғарбӣ мешиносем. Давлати мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Подшоҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд», — изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дэвид Кэмерон дар навбати худ аз густариши назарраси робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир ва дурнамои хуби он изҳори қаноатмандӣ кард.

Ҷонибҳо зимни мулоқот муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ муҳокима намуданд.

Тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ низ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.

Ҷалби сармояи Подшоҳӣ ба бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургӣ, сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва соҳаи кишоварзии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти тавлиди энергияи «сабз», гузариш ба иқтисоди «сабз» ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба пешбурди «иқтисоди рақамӣ» изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Роҳандозии ҳамкории давлатҳо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим, муҳоҷирати корӣ, гуногунсозии хатсайрҳои ҳавопаймоӣ байни давлатҳо аз мавзуъҳои дигари мулоқоти имрӯза буд.

Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳӣ дар самти ҳифзи амну субот дар минтақа низ баррасӣ гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE