Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мешаванд

Баҳри беҳтар намудани вазъи экологии ноҳияҳои пойтахт нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мегарданд, хабар медиҳад Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе.

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур дар кӯчаи Пушкини ноҳияи Исмоили Сомонӣ нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ гашта, дар кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур қуттиҳои хурди партовҷамъкунӣ насб карда шуданд. Дар ин баробар аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки партовҳоро дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ҷойгир карда, фарҳанги шаҳрнишиниро қатъиян риоя намоянд.

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Раиси  шаҳри Душанбе соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон гардид. Мақсад аз он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.

Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ташаббуси «900 рӯзи ободонӣ» амалӣ мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE