Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдгориҳои Осорхонаи Ватикан шинос шуданд
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим бо ёдгориҳои Осорхонаи Ватикан шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи Ватикан маҷмуи осорхонаҳое аст, ки дар қаламрави давлати Ватикан ҷойгир аст.
Маҷмаи осорхонаҳо аз ҷониби попҳо бунёд шуда, асарҳои бадеии ҳунармандони гузашта, аз ҷумла асарҳои давраи Ренессансро дар бар мегиранд.
Таърихи таъсиси Осорхонаи Ватикан аз соли 1506 оғоз ёфта, соли 1771 кушода шудааст. Бунёдгузори осорхонаҳо Папа Юлий II мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар як сол 1 миллиону 600 ҳазор нафар ин осорхонаҳоро тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги давраҳои гуногуни Ватикан шинос мешаванд.
Осорхонаи Ватикан аз 54 галерея ё толор иборат буда, калисои Систин охирини онҳо аст.
Баъди тамошои Осорхонаи Ватикан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.