ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР БОРАИ ЯРМАРКАҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР СОЛИ 2021

Нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2021 тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 январи соли 2021 ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ярмаркаҳои мазкур  бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ ва бо нархҳои дастрас пешниҳод гардидани    онҳо  гузаронида мешаванд.

Раиси шаҳр Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» -ро вазифадор намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳо ва иштироки корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамчунин раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ супориш гирифтаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани ғурфа ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

«Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хизматрасонии ташхиси маҳсулотҳои гӯштию шириро ҳангоми баргузории ярмаркаҳо тариқи ройгон амалӣ намояд. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороишӣ»-и шаҳри Душанбе ороиши макони ярмаркаҳоро бо лавҳа, шиору навиштаҷоти идона таъмин намояд»,- омадааст дар қарори Раиси шаҳр.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE