Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» оғоз меёбад
Имрӯз дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» оғоз мегардад, ки то 5 май идома меёбад. Дар ин хусус аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Туркманистон, Узбекистон, Эрон, Чин, Покистон ва Туркия маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии ширкатҳои беҳтарини ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи ҷумҳурӣ маъруф мебошанд, муаррифӣ мешаванд.
Намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо намоянд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.
Меҳмонон метавонанд ба маҳсулоти инноватсионӣ, маҳсулоти нави ширкатҳо баҳо гузошта, бо сифати маҳсулоти пешниҳодшудаи ширкатҳо шинос шаванд, мустақиман бо истеҳсолкунандагон тамос гиранд ва молҳоро бо нархи дастрас харидорӣ кунанд.