Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масуният ва бемории сил барои солҳои 2024-2026 дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ-муовини Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди Бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа масоили муҳими ин самтро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо инчунин доир ба таъсис додани Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Хазинаи глобалӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли камбудиҳои дар раванди амалишавии грантҳои Хазинаи глобалӣ баамалоянда мубодилаи афкор намуданд.