Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ ёфт
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Зимни ифтитоҳи намоиш доир ба саҳми халқи тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ибрози назар карда шуд. Изҳор гардид, ки воқеан, дар солҳои мудҳиши ҷанг беш аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба муҳорибаҳо ҷалб шуда, аз се як ҳиссаи онҳо аз майдонҳои набард барнагаштанд.
Ба намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳо, лавозимоти ҷангӣ, ордену медалҳо пешниҳод шудаанд, ки аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони Тоҷикистон дар солҳои мудҳиши Ҷанги дуюми ҷаҳон қисса мекунанд.
Дар ҷараёни намоиш аз ҷониби кормандони ансамбли «Шараф»-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ, ки тараннумгари ватандӯстӣ ва шуҷоату мардонагӣ буд, пешниҳод гардид.
Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 18 май идома меёбад.