Дар Дубай дар мавзуи «Ҷашни Наврӯз ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ» конфронси илмӣ доир шуд

Дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай дар мавзуи «Ҷашни Наврӯз ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар доданд аз ин консулгарӣ.

Тавре иттилоъ дода шуд,  дар  Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай роҳбарият, кормандони консулгарӣ ва меҳмонон ин ҷашни байналмилалиро бо барномаи рангину савту навои дилнавоз ва намоиши анъанаҳои наврӯзӣ таҷлил намуданд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Диловар Баҳромзода иброз дошт, ки ойину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфта шуда, ба рукни фарҳангии онҳо табдил ёфтаанд. Имрӯз он ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Зимни маҳфили идона аз ҷониби раёсати сафорат ва кормандони консулгарӣ дар саҳни меҳмонхона равзаҳои махсус оид ба таърихи Наврӯз барномаи фарҳангӣ  , таому бозиҳои миллӣ ва дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ манзури ҳозирин гардонида шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE