Президенти Тоҷикистон: «Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо ба мардуми мо ҳамчун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат намудааст»
Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам давоми ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат намудааст. Чунин изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва руҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят менамояд.
«Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз кӯҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад. Мо ифтихор менамоем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад», — баён доштанд Сарвари давлат.