ПАЁМ: ҲАМАСОЛА ДАР КИШВАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ГУЗАРОНИДА ШАВАД

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирои Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар супориш доданд, ки дар робита ба татбиқи солҳои 2020 – 2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва дастгирии истеъдодҳо дар самтҳои табииву риёзӣ ҳамасола дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида шавад.

“Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” собит намуданд, ки дар миёни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир хеле зиёданд ва мо бояд онҳоро дастгирӣ намоем”, – таъкид намуданд Пешвои миллат.

Ҳамзамон, Президенти кишвар ба масъулони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” супориш доданд, ки ҳаҷми маблағ барои мукфотонидани ғолибони ин Озмун зиёдтар карда шуда, нисбат ба ҳавасмандгардонии устодону падару модарони онҳо чораҳо андешида шаванд.

Инунин, дастур дода шуд, ки дар Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияҳои алоҳидаи омӯзгорону калонсолон минбаъд аз ҷавонону наврасон ҷудо имтиҳон карда шаванд, зеро тафовути синнусолӣ ба баъзе наврасони донишманд имконияти рақобат бо бузургон, махсусан омӯзгорони соҳибтаҷрибаро намедиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар аз Кохи Сомон идома дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE