ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: “СОЛИ 2021 ДАР ТОҶИКИСТОН АФВИ АМВОЛ ГУЗАРОНДА МЕШАВАД”

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирои Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар эълон доштанд, ки соли равон дар кишвар афв бинобар қонунигардонии маблағ ва дороиҳо гузаронда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ин эълон зикр намуданд, ки дар 30 сол дар Тоҷикистон танҳо як маротиба афв бинобар қонунигардонии маблағ ва дороиҳо гузаронда шуд. “Ҳатто кишварҳои абарқудрат дар ин 30 сол 10 – 15 маротиба гузаронданд. Чанд сол пайи ҳам”, – гуфтанд Президенти кишвар.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи афви амвол ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки дар ин самт санадҳои дахлдорро пешниҳод кунад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соли 2007 афви амволи аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда гузаронда шуда буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE