ПАЁМ: СИПОСГУЗОРИИ САМИМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ТАБИБОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз кори табибон дар ваъияти вазнини паҳншавии коронавирус изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр доштанд, ки дар ин давра 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 000 кадрҳои дорои маълумоти олии тиббӣ тайёр карда шудаанд. “Аз миёни кормандони соҳаи тиб имрӯз 68%-ро занон ташкил медиҳанд”, – зикр доштанд Пешвои миллат.

Ҳамзамон, Президенти кишвар ба табибон ва сокинони кишвар барои дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти ҳукумати кишвар дар ин вазъияти ваҳим изҳои сипоси смимӣ намуданд. “Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи табибону ҳамшираҳо ва кормандони соҳаи тиб, ки дар вазъияти хатарноки паҳншавии коронавирус ҷони худро дар хатар монда, ба беморон ва гирифторони ин вирус кӯмак намуданд, сипосу миннатдории самимии худро баён медорам. Ҳамзамон, ба кулли сокинони кишвар, ки дар ин вазъият ба воҳимаву таҳлука дода нашуда, хабарҳои бардурӯғу беасосро бовар накарданду муттаҳид шуда, дар паҳлӯи табибон буданд ва ба оилаҳои табибон кӯмакҳои бедареғи худро расониданд ва ба ҳамаи соҳибкороне, ки дар ин рӯзҳои вазнин дар паҳлӯи роҳбарияти Ҳукумати кишвар буданд, миннатдории самимии худро мерасонам”, – гуфтанд бо хушҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идомаи суханронии Пешвои миллат зикр гардид, ки хушбахтона, аз аввали моҳи январ дар кишвари мо тамоман гирифторони Ковид – 19 ба қайд гирифта нашудаанд, яъне ин вирус дар кишвари мо нест, “вале ин маънои онро надорад, ки мо минбаъд бепарво бошем. Ҳамдигарро эҳтиёт кунем, зеро эҳтиёт – ними ҳаёт гуфтаанд”, – таъкид доштанд Президенти мамлакат.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳоро дигарбора кушоданд, вале аз ҳамаи намозгузорон тақозо мешавад, ки ба чораҳои саниативу тавсияҳои табибон қатъиян риоя намоянд, махсусан дар намозҳои ҷумъа. Дар акси ҳол масҷидҳое, ки талаботи имрӯзро роя нмесозанд, баста мешаванд, гуфта шуд дар идоми суханронӣ.

Ёдовар мешавем, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар аз Кохи Сомон идома дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE