Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Рашт ифтитоҳ шуд

Дирӯз дар шаҳри Роғун бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои нави шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Иншоот бо истифода аз тарҳи муосир ва унсурҳои замонавии шаҳрсозӣ сохта шуда, аз бинои асосии сеошёна бо таҳхона, биноҳои иловагӣ ва мошинсарой иборат мебошад. Дар маҷмуъ иншоот дорои 12 ҳуҷраи корӣ, қисми навбатдорӣ, толори варзишӣ, бойгонӣ, китобхона ва ошхона мебошад.

Ҳуҷраҳо мутобиқ ба талабот сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз ва дар онҳо барои фаъолияти кормандон барои муқовимат бо коррупсия шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои нав дар доираи иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мутобиқ ба талабот фароҳам овардани шароит барои кормандон бунёд карда шудааст.

Дар ошёнаи сеюми иншоот 3 манзили истиқоматии дуҳуҷрагӣ барои кормандон пешбинӣ шудааст. Манзилҳои истиқоматӣ бо лавозимоти зарурии рӯзгор муҷаҳҳаз гардонида шуда, дорои шароити мусоид барои истиқомат мебошанд.

Дар таҳхонаи бино толори барҳавои варзишӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст, ки минбаъд кормандон метавонанд бо истифода аз ҳамин имконияти замонавӣ машқу тамрин намоянд

Дар вақтҳои холигӣ ҳамарӯза кормандон метавонанд ба мутолиаи адабиёти ҳуқуқӣ, соҳавӣ ва бадеӣ машғул шаванд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода кормандони шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Раштро дар посух ба дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат баҳри истифодаи муфид аз шароити фароҳамшуда ва иҷрои сарбаландонаи уҳдадориҳо вазифадор намуд.

Дар маҷмуъ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бунёду ба истифода додани 105 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Бинои нави шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт 35-умин иншоот ба ҳисоб меравад, ки дар баробари фароҳам овардани шароити замонавӣ барои фаъолият ҳамзамон ба афзуншавии зебоии як гӯшаи маркази шаҳри Роғун мусоидат намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE