Ҳамоиши гиромидошти назми тоҷик дар Берлин
Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо Бунёди фарҳангии шаҳри Берлин дар бинои намояндагии дипломатӣ ҳамоиши фарҳангӣ таҳти унвони “Бӯи ҷӯи Мулиён. Аз Зардушт то ба имрӯз” баргузор гардид, ки дар он адибон, шарқшиносон ва ҳаводорони забону фарҳанги тоҷик иштирок намуданд.
Ҳамоишро сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ суханронӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», Қонун дар бораи «Забони давлатӣ», эълон намудани иди Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ, қайд намудани «Рӯзи фалак», «Иди меҳргон», «Рӯзи китоб» ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд, далели талошҳои доимии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушду нумӯъи фарҳанги миллӣ мебошад.
Шарқшиноси маъруфи олмонӣ, профессор Удо Штайнбах, ки солҳои тӯлонӣ (1976-2006) роҳбарии Институти шарқшиносии Олмонро ба уҳда дошт, дар бораи нақшу мақоми назми тоҷикӣ аз замони Рудакӣ то даврони муосир суханронии пурмӯҳтаво анҷом дод. Ӯ бо ифтихор аз чоп шудани китоби тарҷумаи ашъори шоирони муосири тоҷику форс “Лирикаи форсӣ дар асри XXI” дар соли 2021 ёдовар шуд.
Сипас намунаҳои эҷодиёти классикони тоҷику форс ва ашъори Бозор Собир, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Искандари Хатлонӣ, Низом Қосим, Рустами Аҷамӣ ва Фарзонаи Хуҷандӣ бо забони олмонӣ аз сӯйи профессор Удо Штайнбах ва мутарҷими шинохта Курт Шарф ва ба забони тоҷикӣ – форсӣ аз ҷониби тарҷумон Алии Абдуллоҳӣ, ҳунарманд Муҳайё Тоҳирӣ ва шоир Фирдавси Аъзам қироат карда шуд.
Алии Абдуллоҳӣ аз ин ҳамоиши фарҳангӣ таассуроти баланд бардошта, қайд кард, ки ин қабил чорабиниҳо барои муаррифии чеҳраи аслии созанда ва бофарҳанги миллати тоҷик дар ҳудуди Олмон муосидат мекунад. Муҳайё Тоҳирӣ, ки аъшори шоирони занро қироат кард, маҳфилро аз он ҷиҳат ҷаззоб номид, ки якбора мухотабҳои форсизабону олмонизабонро фаро гирифт.