Лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон баррасӣ гардид

Ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ Айтен Рустамова дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба лоиҳаҳои «CASA-1000», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб», навсозии зеристгоҳи барқии «Суғд-500» ва омӯзиши бозори энергетикии Тоҷикистон дар мавриди ҷалби сармоя барои рушди соҳаи электроэнергетика табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон ба маблағгузории лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Гуфта шуд, ки дар оянда ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, тавсеа меёбанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE