Дар Душанбе таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид

Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергияи сабз, саноати тиббӣ — дорусозӣ, коркарди пахта, таъсиси хатсайрҳои ҳавоӣ барои ҷалби сайёҳони бангладешӣ ба Тоҷикистон 18 июл дар Душанбе дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Бангладеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Мунир- ул-Ислом баррасӣ гардид.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои пайгирӣ ва баимзорасонии созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, баргузории вохӯрии маҷозӣ байни доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Бангладеш иброз намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE