Дар Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон оид ба моҳияти стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ машварати омӯзишӣ баргузор шуд

 25 июл дар Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон бо иштироки кормандони бонкҳои ҷумҳурӣ машварати омӯзишӣ дар мавзуи «Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ 6– навгонӣ ва тағйиротҳо» баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Ассосиатсияи бонкҳо хабар доданд, ба иштирокчиён аз тарафи лекторон- мутахасисони Бонки милии Тоҷикистон ва Институти ҷамъияти бухгалтерон ва аудиторони касбии Тоҷикистон оид ба моҳияти стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, принсипҳо ва шаклҳои ҳисоботи молиявӣ, аз ҷумла дар бораи ҳолати молиявӣ, фоида ва зарар, маҷмуи даромадҳо, тағйирёбии сармояи худӣ, гардиши воситаҳои пулӣ ва инчунин дигар навгониҳо ва тағйиротҳо дар қисмҳои ҳисоботи молиявӣ маълумоти пурра доданд.

Инчунин аз ҷониби лекторон роҳҳои стандартишудаи тавсифи нишондиҳандаҳои молиявӣ ва ҳолати молиявии ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод шуд, ки ҳисоботи молиявии ташкилотҳои қарзиро дар сатҳи байналмилалӣ фаҳмо ва муқоисашаванда мегардонанд.

Зимни ифтитоҳи машварати омӯзишӣ Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Ҷунайдулло Шарафов иброз дошт, ки мақсади асосии ҳисоботи молиявӣ ба саҳмдорон ва дигар нафарони манфиатдор ин пешниҳод намудани маълумотҳо оид ба ҳолати молиявӣ, натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва гардиши воситаҳои пулии ташкилотҳои қарзӣ дар доираи стандартҳои байналмиллалии қабулшуда, ки аз тарафи Бунёди стандартҳои ҳисоботи молиявӣ ва Шурои стандартҳои байналмилалии ҳисоботи баҳисобгирӣ (IASB) таҳия шудаанд ва зиёда аз 120 давлати дунё эътироф кардаанд ва Тоҷикистон низ ба ин мамлакатҳо шомил аст, мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE