Шартномаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Петр Сегрт ба анҷом расид

 Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бо сабаби ба охир расидани муҳлати шартномааш вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболро тарк менамояд, хабар доданд аз Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Таҳти роҳбарии Петр Сегрт дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа муваффақона бозӣ намуда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

«Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Петр Сегрт барои кори дусолаи муштаракаш изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно менамояд», — таъкид намуданд дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт 24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз шуда, 7 бор мусовӣ намудааст ва 6 маротиба ба бохт дучор гардидааст. Инчунин таҳти роҳбарии Сегрт дастаи мунтахаби Тоҷикистон барандаи ду мусобиқаи байналмилалӣ гардид – соли 2022 тими миллии мо дар мусобиқаи «King’s Cup-2022» дар Тайиланд ва соли 2023 дар «Ҷоми Мердека» дар Малайзия ғолиб омад.

Номи сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол рӯзҳои наздик эълон мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE