Нишасти чоруми тадорукотию ташрифотии Конфронси дуюми Душанбе баргузор гардид

Таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Шараф Шерализода 20 май нишасти чоруми тадорукотию ташрифотӣ бо ҳузури роҳбарияти мақомоти узви Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6-9 июни соли 2022) баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар нишаст иҷрои татбиқи натиҷаи ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми оби Душанбе, ки 18 майи соли 2022 таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Меҳвари мавзӯъҳои муҳокимашударо раванди омодагӣ ба танзими чорабиниҳои Конфронси дуюми Душанбе, аз ҷумла Намоишгоҳи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, Фестивали оби Душанбе, Марафони ҷаҳонии об, намоиши «Ҳақиқати виртуалӣ» дар мавзӯи “Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об”, боздиди саёҳатӣ барои меҳмонони конфронс аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар ташкил дод.

Маълумоти торнамои Конфронс пайваста нав шуда, барномаи он дар https://dushanbewaterprocess.org/program/ дастрас аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE