Дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон дастгоҳҳои рентгении дорои зеҳни сунъӣ насб гардид
Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» соҳиби дастгоҳҳои рентгении рақамии портативии дорои зеҳни сунъӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Дастгоҳҳо аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар доираи амалисозии «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба вазорат супорида шуданд.
Афзалияти дастгоҳҳои рентгении портативӣ бо зеҳни сунъӣ он аст, ки онҳо камҳаҷми сабук буда, барои муоинаи эҳтиёҷмандоне, ки дар ҷойҳои дур ва душвор зиндагӣ мекунанд, пешниҳод мешаванд. Инчунин ҳангоми гирифтани акс ҷойҳои осебдида дар экрани компютер нишон дода шуда, дар набудани барқ бо аккумулятори офтобӣ фаъолият мекунанд. Бо чунин таҷҳизоти муосир имкон аст, ки шахси гирифтори сил дар марҳилаҳои аввали беморӣ дарёфт карда шавад.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода иброз намуд, ки давоми солҳои охир дастовардҳо дар соҳаи силшиносии мамлакат зиёд шудаанд. Аз ҷумла, солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар муассисаҳои соҳавӣ харидорию васли дастгоҳҳои рентгении рақамии портативии дорои зеҳни сунъӣ амалӣ гардид, ки ин ба сари вақт дарёфт намудани беморони гирифтори сил мусоидат намуд.