Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Қубодиён 158 иншоот сохта мешавад
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ба истифода додани 129 адад ва илова бо биноҳои иловагӣ 158 иншоот пешбинӣ гардида, то ин муддат 99 бинои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди истифода қарор дода шудааст, ки дар маҷмуъ 63 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар ин хусус 6 август зимни нишасти матбуотӣ дар ин ноҳия иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён хабар медиҳад, дар шашмоҳаи аввали имсол ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ноҳия 1 миллиарду 27 миллион сомонӣ ё ин ки 102,1 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ро ташкил намуда, афзоиш ба соҳаи кишоварзӣ 7,7 фоиз ва соҳаи саноат 5,7 фоиз рост меояд.
Дар ин давра ҳамагӣ 6746 ҷойи кори нав, аз ҷумла 1740 ҷойи кори мавсимӣ ва 5006 ҷойи кори муваққатӣ таъсис дода шуд, ки 79,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шашмоҳаи аввали имсол ба 67,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 3,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 12 коргоҳу корхонаи истеҳсолию хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст. То ин муддат 5 корхона мавриди истифода қарор дода шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
Дар нишасти матбуотӣ дар самти кишоварзӣ изҳор гардид, ки дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия дар 17776 гектар зироати кишоварзӣ кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 410 гектар зиёд мебошад.