Дар Душанбе «Иди тарбуз ва харбузаву каду» баргузор мегардад
25 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе «Иди тарбуз ва харбузаву каду» баргузор мегардад. Дар чорабинӣ кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок ва навъҳои гуногуни тарбуз, харбузаву кадуро ба намоиш-фурӯш мегузоранд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Иди тарбуз ва харбузаву каду» бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон доир мешавад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин рӯз намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.