Cафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

22 август маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин, ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE