Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед бо доираҳои тиҷоратии шаҳри Чэнду мулоқот кард

Имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал доираҳои тиҷоратии шаҳри Чэндуро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкатҳои сармоягузорию тиҷоратии шаҳри Чэнду дар масъалаҳои мавриди назар баррасӣ карда шуданд.

Истифодаи имконияту иқтидорҳои ширкатҳои болозикр дар рушди самтҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳу купрӯкҳо дар шаҳри Душанбе муҳим таъкид гардид.

Ёдовар мешавем, ки робитаҳои дӯстӣ ва шарикӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Чэнду 18 майи соли 2023 истиқрор шуда, марҳила ба марҳила самту уфуқҳои нави ҳамкориро фаро мегиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE