Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон омад

Имрӯз, 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард,  хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҳошияи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни  Тоҷикистон ва Қирғизистон дар назар аст ва дар доираи он масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE