Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе баррасӣ гардид

Маблағгузории лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар бахшҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Директори алтернативии Шурои директорони Бонки Осиёии Рушд Ним Дорҷи дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот ҳамзамон самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла нақлиёту энергетика, кишоварзӣ ва тандурустӣ муҳокима гардиданд.

Мулоқот дар ҳошияи сафари ҳайати Бонки Осиёии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26 то 31 август идома меёбад, баргузор гардид.

Дар доираи сафар ба Тоҷикистон Директори алтернативии Шурои директорони Бонки Осиёии Рушд бо иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун», Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва санитария, Лоиҳаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, низоми обтаъминкунии ноҳияи Рӯдакӣ ва иншооти тандурустӣ шинос мешавад.

Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар 26 соли ҳамкорӣ бо ҷумҳурии мо портфели маблағгузории бонк ба Тоҷикистон 187 лоиҳаро ба маблағи умумии 2,5 миллиард доллари амрикоӣ ташкил медиҳад.

Бонки Осиёии Рушд ҳоло ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон дар доираи 16 лоиҳа 950 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE