Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодии араб мулоқот намуд
10 марти мулоқоти Сафири Фавқулда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Шимлон ал-Баҳар баргузор шуд.
Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад, зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ, иштироки Фонд дар татбиқи лоиҳаҳо ва иншооти муҳимми мамлакатро мавриди муҳокима қарор доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт