ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Истиқлолият ҳамчун арзиши муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар таърихи навини миллати тоҷик саҳифаи наверо варақгардон намуд, ки оғози дигаргуниҳои гардишсоз дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа гардид. Миллати шарафманду соҳибтамаддун ва куҳанбунёди тоҷик аз азал ба истиқлолият эҳтироми шоиста дошт ва дар гузашта ормони истиқлолхоҳиро як ҷузъи асолати ватандорӣ ва ҳувияти миллии хеш медонист.

Расидан ба марҳилаи истиқлолияти сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавишт пазируфтааст, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикро ба куллӣ тағйир дода, уфуқҳои тозаи рушдро кушод. Зимнан, тайи таърихи башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои мутамаддини ҷаҳон ба исми истиқлолияти давлатӣ савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва рӯҳафзо умрфарсоӣ кардаанд. Муҳимтар аз ҳама, истиқлолияти давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯи инкишофу таҳаввул ҳидоят менамояд.

Истиқлолият дар тули таърихи ҳазорсолаи тоҷикон беҳтарин, нодиртарин, арзишмандтарин ва муқаддастарин воқеаи фараҳбахш буда, аҳамияти бузург ва нақши тақдирсоз дорад. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки тибқи он Тоҷикистон низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сиёсиву сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳилаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ мебошад. Истиқлолият воқеан, як вожаи муқаддас мебошад, ки маънои он ҷаҳони ботинии ҳар як инсонро фаро гирифта, хушбахтиву осудагӣ ва соҳибдавлатиро ифода менамояд.

Зиёда миллатҳое мебошанд, ки солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани истиќлолу озодӣ тамоми ҳастии худро бахшида хун мерезанд, вале ноком шуда, ин орзӯи ширини худро ба наслҳои дигар ба мерос мегузоранд. Истиқлолият вожаест, ки тамоми ҳиссиёти инсонро фаро гирифта маънои онро агар дар даҳҳо китоб ҷой бидиҳему тафсир бикунем, камӣ мекунад. Истиқлолият вожаест, ки миллатро аз нестӣ раҳо бахшида, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои онро таъмин менамояд ва шахсиятҳои сарсупурдаеро, ки баҳри ба даст овардани он ҷони худро дареғ намедоранд, дар саҳифаҳои заррини таърих сабт менамояд.

Тоҷикистон монеаҳои зиёдеро таҳти роҳнамоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар кардааст ва рӯзгори худро тағйир додааст. Шукуфоиҳои дигари Ватан моро дар пешанд ва ба онҳо расидан танҳо бо роҳнамоии ин абармард ба халқи тоҷик даст медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон муаллифи достони сулҳи миллати тоҷик ҳастанд ва ҳар як сатри ин достон бо ҷонбозиҳову садоқати ин шахсияти барҷастаи таърих ҷараён ёфтааст. Миллат қадри ин садоқатро медонад ва бо муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устуворона ба пеш мегузорад.

Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносиву ватанпарварии миллӣ чароғи раҳнамо буда, мутахассисон, ҷавонон ва муҳассилинро барои расидан ба мақсади наҷиб ҳидоят менамоянд. Ин сиёсат созанда буда, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва мустаҳкам гардидани ғояҳои муосири давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши муҳим мебозад.

Воқеан ҳам, дар ҷомеаи мо насли наве ба воя мерасад, ки дорои ҷаҳонбинии фаррох, донишҳои замонавӣ ва ташнаи илму ирфон аст. Муҳити созанда дар кишвар имкон медиҳад, ки ҷавонон солимфикр ба воя расанд. Иқдоми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар тарбияи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон ва кулли давлатҳои дунё дар шароите қарор доранд, ки ҷаҳонишавӣ ба раванди ҳокими таҳаввулоти сайёра мубаддал гардидааст. Он ҳам барои рушди иқтисодиву технологӣ миёни давлатҳо имкониятҳои бузург фароҳам меорад ва ҳам метавонад боиси тезутундшавии масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ, инчунин, торафт бештар гардидани нобаробарии иҷтимоии мардум ва шиддат гирифтани буҳрони маънавии ҷомеаи ҷаҳон гардад. Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд муҳтавои амалгаро ва воқеъбинона дошта бошад ва ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатӣ мусоидат намояд.

Ҳукумати мамлакат барои ноил гардидан ба ҳадафҳои созанда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аз рўзҳои аввали таъмин гардидани фазои орому осуда, назди худ татбиќи ҳадафҳои стратегиро пеш гузошт. Дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ Неругоҳи барқи обии «Норак» аз таъмири пурра бароварда шуда, неругоҳҳои барқи обии   «Сангтӯда-1»,  «Сангтӯда-2», «Помир-1» ва даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург сохта шуданд. Соли 2018 орзуи деринаи халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшид, яъне пас аз азму талошҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ чархаи аввал ва баъдан чархаи дуюми НБО «Роғун» ба кор даромад. Ин неругоҳ дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтанаш нафақат эҳтиёҷоти кишвари моро бо неруи барқ таъмин менамояд, балки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи соҳаи гидроэнергетикӣ табдил медиҳад.

Дар доираи ҳадафи дуюми стратегӣ, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб, Шоҳон – Зиғар, Душанбе – Чанак, Душанбе– Ваҳдат – Данғара, Душанбе – Рашт, Душанбе – Турсунзода, роҳи оҳани Душанбе – Бохтар – Кӯлоб, нақбҳои «Истиқлол», «Хатлон», «Озодӣ, «Шаҳристон» ва пулҳои азим аз болои дарёи Панҷ сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар баробари рафтуомади доимӣ дар қаламрави мамлакат, кишвари моро ба давлати транзитӣ табдил доданд.

Ҳадафи сеюми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – барномаи таъмини озуқаворӣ низ имрӯз ҷомаи амал пӯшидааст. Бо ҳидояту талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ҳар як ваҷаб замини корам мавриди кишт қарор дода шуда, дар тамоми заминҳои талу теппаҳо боғҳои гуногун бунёд гаштаанд. Ҳоло, агар ба кадом минтақаи кишвар сафар накунем, бо дидани майдонҳои кишт ва боғот касро рӯҳу ҳаловати тоза фаро мегирад.

Ҳоло вобаста ба ҳадафи чорум -саноатикунонии босуръати мамлакат  низ барномаҳои зиёди амалӣ рӯи даст гирифта шудаанд, ки ин ҳама аз файзи сулҳу ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Пас, бояд бо ҳисси баланди ватандорӣ ҳар яки мо ин неъмати бебаҳо ва ҳадияи таърихро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Пӯшида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар назди худ як қатор ҳадафҳои олиро гузоштааст, ки он дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидаанд. Соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як давлат нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсолии он, фароҳамсозии устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ метавонад саҳми босазо гузорад.

Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ яке аз хислатҳои наҷиби ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, ҷавонон дар пешрафту инкишофи Ватани азизи худ саҳми арзанда мегузоранд. Тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳими оила, мактаб ва ҷомеа ба шумор рафта, ҳамчун ташаккули тадриҷӣ ва устувории муҳаббати ҷавонон ба Ватан фаҳмида мешавад. Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ имрӯз як рукни асосии мафкураи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст ,ки  дар авроқи таърих, аз оғози тамаддун то имрӯз, қавму миллатҳоро ҳадиси корномаҳои фарзанди фарзона, диловар ва хирадманди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мояи ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Дар ин рӯзи муборак, ки халқи Тоҷикистон иқболи баланд ва бахти бедори худро ҷашн мегирад, дасти дуо мебардорем, ки мардуми тоҷик бо садоқату ихлос аз Пешвои худ шукргузорӣ кунанд. Боқӣ, дар масири бунёдкорӣ ва ояндасозиҳо ҳамеша муваффақу пирӯз бошанд.

Ф. КАРИМЗОДА,

Сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”

Н. ДАВЛАТОВ,

Муовини сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE