Таҳияи 4 филми бадеӣ дар ТВ “Синамо”

«Аз ҷониби Кумита ба истеҳсоли филмҳои бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ диққати лозима дода мешавад. Дар соли 2021 дар МД ТВ “Синамо” 4 филми бадеӣ таҳия гардид. Аз он, филмҳои “Падар”, “Писарак” ва“Насиҳати падар” дар мавзўи эҳтироми волидон таҳия шудаанд ва филми “Парвоз” дар давраи танзим қарор дорад”,-зикр дошт Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба зикри мавсуф, ҳамчунин дар давоми сол 34 филми мустанад бо 75 қисм тарҷума ва дубляж карда шуданд, ки назар ба соли 2020 3 адад зиёд аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE